Парванда алайҳи раиси Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси ҷамоати деҳоти Тоҷикобод барои заминфурӯшӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки раиси 56-солаи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш тариқи маслиҳати пешакӣ бо марди дигар, ба сокини ҷамоати мазкур замин фурӯхтааст.
ВУД мегӯяд, айбдоршавандаҳо аз сокини ҷамоат барои 8 ҳисса замин 3600 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
“Муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҷойи кораш раиси ҷамоати деҳоти мазкур, тахминан моҳи октябри соли 2015, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардида бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?
Таъкид шудааст, ки ба ивази ин маблағ аз заминҳои корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, 0,08 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додаанд.
Ба иттилои ВУД, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти он идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи айбҳои эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала