Шикасти паҳлавони ҷавони тоҷик аз рақиби чинӣ дар як қадам то роҳхати олимпӣ

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксЖурналист держит плакат с олимпийскими кольцами
Журналист держит плакат с олимпийскими кольцами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Фирӯз Мирзораҷабов куштигири ҷавони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ дар шаҳри Алмато зӯрозмоӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бар асоси натиҷаҳои онлайнии мусобиқоти осиёӣ дар Алмато, паҳлавони тоҷик дар як қадами дигар то гирифтани роҳхати олимпӣ қарор дошт, аммо аз рақиби чинияш шикаст хӯрд. Бо вуҷуди ин Мирзораҷабов дар сабқат барои мақоми сеюм пирӯз шуда, медали биринҷӣ гирифт.
Фирӯз Мирзораҷабов дар марҳилаи чорякниҳоӣ паҳлавон аз Муғулистон – Даваабанди Мунх Ерденеро бо ҳисоби 9:0 шикаст дода, дар марҳилаи баъдӣ бо паҳлавони чинӣ – Сайлике Валиҳан зӯрозмоӣ намуд.
Дзюдоист Комроншох Устопириен победил чешского спортсмена Мартина Бездека - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Комроншоҳи Устопириён рақиби пурзӯрашро моҳирона аз пой афтонд - навори рақобат
Аммо дар ин рақобат паҳлавони тоҷикистонӣ бо натиҷаи 10:0 шикаст хӯрду минбаъд барои медали биринҷӣ талош кард ва муваффақ шуд.
Дар зӯрозмоӣ барои нишони биринҷӣ, паҳлавони Тоҷикистон бо намояндаи Кувайт, Муҳаммад Алаҷмӣ бо натиҷаи 4:2 майдондорӣ намуда, пирӯз шуд. Бо вуҷуди ин, шикаст аз паҳлавони чинӣ боис шуд, ки варзишгари ҷавони тоҷик роҳхати олимпиро аз даст дод.
Дар сабқати ниҳоӣ дар ин вазн Салике Валиҳани чинӣ ва Жоламан Шаршинбекови қирғизистонӣ майдондорӣ намуданд, ки бо ҳисоби 3 – 4 бар фоидаи паҳлавони қирғиз анҷом ёфт. Роҳхатҳои олимпӣ дар ин вазнро низ ин ду паҳлавон ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала