Тоҷикистон нақша дорад, содироти маҳсулоти пахтагиро ба 100 миллион доллар расонад

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкТекстильная фабрика, архивное фото
Текстильная фабрика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамасола содироти маҳсулоти пахтаро афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти матоъҳои пахтагиро афзоиш диҳад.
Тавре ки аз Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 бармеояд, афзоиши солонаи фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ дар хориҷа то 20% хоҳад буд.
Дар се соли оянда афзоиши содироти ҷӯробҳо, калобаи пахтагӣ ва маҳсулоти тайёри пахта ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи ин санад, қарор аст то 2023 содироти ин маҳсулот ба маблағи беш аз 90 миллион доллар баргузор шавад. Афзоиши солонаи содироти ин намудҳои маҳсулоти пахтагӣ 20% пешбинӣ шудааст.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Тоҷикистон содироти пахтаро кам мекунад: сабабҳо
Ёдовар мешавем, ки дар бахши содироти маводҳои нассоҷӣ дар Тоҷикистон бахши аслӣ ба нахи пахта рост меояд. Ҳаҷми содироти мавод ва маҳсулоти нассоҷӣ дар ду моҳи соли равон 24,6% афзуда, беш аз 56 миллион долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон қасд доранд содироти нахи пахтаро коҳиш диҳанд.
Дар се соли оянда содироти пахта ба хориҷа 20 ҳазор тонна коҳиш хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0