Боздошти яке аз раҳбарони ДИИШ дар Афғонистон

© REUTERS / OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Дар Афғонистон, нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ яке аз пешвоёни ДИИШ-ро (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ) боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Хадамоти махсуси Афғонистон Ғулом Носирӣ, раҳбари як гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро дар Кобул боздошт кардаанд, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ.
Дар ин бора ноиби президенти кишвар Амруллоҳ Солеҳ изҳорот додааст.

"Ғулом Носир, писари Ғулом Саҳӣ, маъруф ба Ал-Хуросонӣ, яке аз пешвоёни асосии гурӯҳи террористии ДИИШ "Толибон" ва раҳбари гурӯҳи террористии ДИИ дар Кобул, аз ҷониби нерӯҳои миллии амниятӣ боздошт шуд", - гуфта мешавад дар гузориш.

Солеҳ гуфтаст, ки Носир дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон "нақши калидӣ" дошт.
Инчунин гузориш дода мешавад, ки Носир як писари 14-соларо дар ғарби Кобул рабуда, шиканҷа додаву таҷовуз карда ва сипас куштааст.
Полицейский в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Дили дардманд дар маркази Осиё: мушкилоти хотимаи ҷанг дар Афғонистон
Пас аз содир кардани ин ҷиноятҳо, ӯ аз мадди назар нопадид шуд, аммо ӯро пайкорҷӯён ва амнияти миллӣ дастгир карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шарқи Афғонистон нерӯҳои ҳукуматӣ яке аз пешвоёни Ал-Қоида (дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ) -ро нест карданд.
Фармондеҳи баландпояи ин гурӯҳ Давлат Бек Тоҷикӣ, маъруф ба Абу Муҳаммад ат-Тоҷикӣ, дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуд.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Ҷанги шадид дар Дарвоз: Ҷумъа Талбон захмӣ, Мулло Давлат ба ҷои ӯ
Нерӯҳои мудофиаи миллӣ ва амният дар саросари кишвар амалиёти зиддитеррористӣ мегузаронанд.
Музокироти сулҳ миёни мақомот ва ҷангиён дар пойтахти Қатар 12 сентябри соли 2020 оғоз ёфт, аммо то кунун ҳосили вижае дар ин самт ба даст наомадааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала