Қобилҷон Гиёев - “аҷали коронавирус” кор ёфт

Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури ноҳияи Рашт, ки ҳудуди як сол ба ин сӯ расман дар ҷое фаъолият намекард, кори нав ёфт
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Як манбаъ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қобилҷон Гиёев ҳамчун духтури Маркази ёрии таъҷилии тиббии Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии “Иқтиқлол” ба кор эъзом шудааст.
“Ин кор бо супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода сурат гирифт. Фармони ӯ низ аз сӯи Хуршед Рустамзода, директори Маҷмаи тандурустии “Иқтиқлол” ба имзо расидааст. Ӯ метавонад озод кор кунад ва пушти анҷоми вазифаҳояш бошад”, - гуфт манбаъ.
Худи Қобилҷон Гиёев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид карда, гуфт, ҳудуди як моҳ аст, ки дар “Истиқлол” фаъолият дорад.
“Як марҳалаи озмоиширо гузашта, ҳоло пурра ба кор даромадам. Аз вазири тандурустӣ ва раҳбарияти “Истиқлол” аз замин то осмон миннатдорам”, - гуфт ӯ.
Қобилҷон Гиёев дар замони гирудорҳо бо “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулие ба номи "Пенстреп", ки барои табобати илтиҳоби шуш (пневмония)-и бузҳо истифода мешуд, аввал, дар ноҳияи Рашт, баъдтар Душанбе, Хатлон ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба табобати маризони COVID – 19 машғул буд.
Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2021
Қобилҷон Гиёев: “Ҳоло овехтани силоҳ барвақт аст!”
Охирҳои моҳи май, замоне, ки ба истилоҳ, мавҷи аввали "вируси корона" дар Тоҷикистон фурӯкаш шуд, Гиёев аз вазифаи сардухтурии Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт барканор шуд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки вазифаи нав хоҳад гирифт, аммо ҳеҷ иттифоқе наафтод. Пас аз барканорӣ ӯ аз назари ҷомиаву шабакаҳои иҷтимоӣ ғайб зад.
Аммо ин ҳама вақт бо даъвати маризон ба ҷуз Душанбе, ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ сафар карда, бо беморони "вируси корона" ва "илтиҳоби шуш" тамос дошт ва ба қавли худаш, беш аз 4 ҳазор нафарро табобат кард. Қобилҷон Гиёев хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 то 2020 сардухтури ноҳияи Рашт буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала