Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Елизаветаи II

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург бо Маликаи Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II ҳамдардӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи таслият ирсол намуд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар номаи таслияти худ, кишвардор гуфтааст, ки хабари даргузашти ҳамсари Елизаветаи II боиси андӯҳи ин ҷониб шудааст.
Принц Филипп и Елизавета II - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Даргузашти шоҳзода Филипп, ҳамсари Елизаветаи II
"Улёҳазрат, хабари даргузашти ҳамсари арҷманди Шумо — Волоҳазрат, Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Улёҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон, инчунин ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипп баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 99-солагӣ даргузашт.

Ҳолномаи шоҳзода Филипп

Шоҳзода Филип - писари шоҳзодаи юнонӣ ва даниягӣ Эндрю - 10 июни соли 1921 дар Юнон таваллуд шудааст.
Пас аз он ки бародари калониаш дар соли 1922 аз тахт сарнагун шуд, оилаи шоҳзода Филип аз кишвар ронда шуд.
Вай ҳангоми таҳсил дар коллеҷ бо Маликаи Бритониё шинос шуд. Онҳо дар соли 1947 издивоҷ карданд ва Филип насаби Бритониёро гирифт ва Монтбеттен шуд.
Пас аз тӯй, ӯро Герсоги Эдинбург эълон карданд.Зану шавҳар чор фарзанд доранд: Чарлз, шоҳзодаи Уэлс, шоҳзода Анн, шоҳзода Эндрю, гертсоги Йорк ва шоҳзода Эдуард, граф Вессекс.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала