Чӣ гуна МиГ-31 ҳавопаймои иктишофии Амрикоро "гусел" кард: видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия, видеои парвози ҳавопаймои Миг-31-и Русияро, ки ҳавопаймои Амрикоӣ - RC-135-ро дар болои обҳои Уқёнуси Ором гусел мекунад, нашр кард
Бо ёрии таҷҳизоти назоратии ФР фазои ҳавоӣ аз болои обҳои бетарафи Уқёнуси Ором, ҳадафи ҳавоӣ, ки ба сарҳади давлатии Русия наздик мешуд, муайян карда шуд.
Барои боздоштани ҳавопаймо ҷанганда МиГ-31 бардошта шуд, ки навбатдори мудофиаи зиддиҳавоии нерӯҳои вазорати дифоъ буд.
Чаро Амрико аз экспедитсияи арктикии Русия "Умка-2021" тарсид - видео
Вақте, ҳавопаймои хориҷӣ, ки ҳамчун ҳавопаймоҳои иктишофии нерӯҳои ҳавоии ИМА RC-135 шинохта шуд, аз марзи Русия дур шуд, экипажи МиГ ба пойгоҳ баргашт.
Парвози ҳавопаймои ҷангии Русия тибқи қоидаҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0