Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ҳушдори Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба Русия сафар накунед

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВывозной рейс
Вывозной рейс  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз мардум даъват карда, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди Русия нашаванд
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват крада зимни хариди чиптаи самти Душанбе- Маскав ҳушёр бошанд ва ба доми қаллобон наафтанд.
Ин ниҳод хотиррасон крада, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Маскав танҳо тавассути ду ширкати ҳавоӣ: "Сомон - эйр" ва "ЮтЭйр" ҳафтае якмаротибаӣ ба самти Душанбе – Москва – Душанбе сурат мегирад, ки нархи сафар аз ду ҷониб бояд 500 доллари амрикоиро ташкил диҳад.
Беженцы в специально организованном центре по распределению мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Супориши Сатториён ба масъулин: аввал барои муҳоҷирон шароит фароҳам кунеду баъд кӯчонед
Ва парвозҳои чартерии ширкати "Уральские авиалинии" танҳо барои кашонидани шаҳрвандони Федератсияи Русия ва муҳоҷирони асосдошта роҳандозӣ шудааст.
Ин ширкат ба 7 шаҳру вилояти Федератсияи Русия парвоз мекунад ва арзиши чиптаҳои ҳавоӣ ду баробар нисбат ба чиптаҳои ҳавоии мустақим зиёд мебошад, қайд кардааст Вазоарти муҳоҷират.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи амри Ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2021, № 635-р барои ворид шудан ба қаламрави Русия асос доранд метавонанд аз хатсайри ҳавоии мазкур истифода намоянд", - таъкид кардааст Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон.

Дар ин замина, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда, зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии "Уралские авиалинии" ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро ки баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Федератсияи Русия барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Рӯзи ифтитоҳи парвозҳо аз Челябинск ба Тоҷикистон эълон шуд
Ҳамчунин, ин ниҳод аз шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд даъват кардааст, ки ба Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0