Аз ниҳолшинонӣ то барафрохтани парчам: навори сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 апрел дар паи сафари корӣ ба вилояти Суғд, аз деҳоти Ворух боздид кард
Раисиҷумҳур дар ин минтақаи дурдасти кишвар як қатор иншоот ифтитоҳ карду бо мардуми маҳаллӣ суҳбат орост.
Президент аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуд ва дар боғе ниҳол ҳам шинонд.
Ҳамчунин бо ширкати кишвардор дар Ворух парҷами Тоҷикистон барафтора шуд, ки баландии он 50 метрро ташкил медиҳад.
Ворух — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара мебошад. Аз Ворух то маркази ноҳия 44,7 км, то маркази вилоят 154 км, то пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 468 км роҳ аст.
Ворух дар ҷануби шаҳри Исфара воқеъ буда, майдони умумии он 84 ҳазору 458 га мебошад.
Ворух аз се самт бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Деҳаи Ворух яке аз маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад.
Вожаи Ворух аз "вара"-и форсии қадим гирифта шуда, маънии "қалъа", "мавзеи бо девор иҳоташуда"-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан, ин мавзеъ Ворух номгузорӣ шудааст.
Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух Масҷиди Сурх, Масҷиди Домулло Азим, Мавлоно Саид, Мазори Сутуни Тофта ё Сутуни Ғайбӣ, Мазори Хоҷаи Балогардон, Мазори Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Мазори Қаршӣ ё Лори Ширхона, Гаҳвораи Заррин, Мазори Хоҷаи Ғор, Хӯҷаи Имом, Хоҷаи Чорсанг Бобо, боқӣ мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала