Садамаи маргбор: Наимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 70-соларо пахш кард

CC BY 2.0 / jseliger2 / dead-2Разбитый велосипед, архивное фото
Разбитый велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки дар паи он пирамарде ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 9 -уми апрел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Портер", Раҳматов Наимҷон Толибҷоновичи 23 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Атоев Эргашбой Атохоновичи 70 - сола сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 80-сола зери чархи "Волсваген-Пасат"
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, дучархарон Атоев Эргашбой Атохонович ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ин хустин ҳолати ҳалокати солхӯрдагон зери чархи мошин набуда, тайи моҳҳои ахир чунин ҳаводис зиёд рух медиҳад.
Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард
Аввали моҳи гузашта низ вазорат аз ҳалокати пирамарди 80 ва 76 -сола зери чархи автомобил дар шаҳри Ҳисор ва Шаҳритус хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0