Дар Швейтсария 55 нафар пас аз ваксина алайҳи COVID-19 фавтид

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкРабота прививочного пункта по вакцинации от COVID-19
Работа прививочного пункта по вакцинации от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Дар Швейтсария панҷоҳу панҷ нафар пас аз ваксина алайҳи коронавирус фавтиданд.
Ниҳоди танзимгари бозори доруворӣ Swissmedic, дар ин кишвар гуфтааст, ки марзи 55 нафар ба ваксина рабт надорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 6 апрел, дар кишвар, эҳтимолан пас аз истифодаи ваксинаҳо, 1174 ҳолати таъсири манфӣ ошкор карда шудааст.
Аз ҳама таъсири манфии гузоришшуда, 577 ҳолат ба ваксинаи Pfizer / BioNTech's Comirnaty, 580 ҳолат бо ваксинаи Moderna марбутанд. Дар 17 ҳолат, муайян карда нашудааст, ки кадом ваксина истифода шудааст.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар ИМА истеҳсоли ваксинаи AstraZeneca қатъ карда шуд
Мувофиқи маълумоти мақомоти назоратӣ, аз ҳама таъсири манфӣ, 396 ҳолат (33,7%) вазнин арзёбӣ мешаванд.
"Дар 55 ҳолати вазнин, одамон пас аз ваксина бо фосилаи гуногун фавтиданд. Синну соли миёнаи онҳо 84 буд ва аксарияти онҳо аллакай бемориҳои вазнин доштанд. Тавре маълум аст, марг аз сабаби бемориҳо, аз қабили сироятҳо, бемориҳои дилу рагҳо, ё бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас, ки новобаста аз ваксина ба амал омадааст ", - гуфта мешавад дар гузориш.
Қайд карда мешавад, ки ягон далели мушаххасе нест, ки ваксина сабаби марг шудааст.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
"Танзимгарони маводи мухаддир дар дигар кишварҳо ва ТУТ ҳангоми хулосаи фавт бо алоқамандии вақт бо ваксинаҳои COVID-19, ки дар Швейтсария иҷозат дода шудаанд, ба чунин хулоса омаданд", - гуфтааст Swissmedic дар изҳороте.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолатҳои фавт пас аз ваксиназанӣ дар Аврупо набуда, қаблан низ пас аз эмкунӣ аз ваксинаҳои дигар рух дода буд.
Лентаи хабарҳо
0