Тақдими китоби "Тоҷикон" ба 3000 хонаводаи ноҳияи Сангвор

© Вазорати маорифКитоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Корвони китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Сангвор расид.
Ин туҳфаи гаронарзиш, ки ба баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон равона гардидааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳ ба 3000 оилаи ҷамоатҳои деҳоти Сангвор расонида шуд.
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 4,5 ҳазор китоб тақдим кард
Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов иттилоъ дод.
Қабули туҳфаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро рӯҳбаланд гардонид ва онҳо иброз доштанд, ки “фарзандони мо ва насли наврас дар натиҷаи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона оянда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд”, - менависад АМИТ "Ховар".
Ёдовар мешавем, ки нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров соли равон сурат гирифт.
Дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз номи Ппрезидент ин китоб бояд ба ҳар сокини кишвар тақдим карда шавад.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2021
Дар кӯчаҳои Душанбе китобхонаҳо пайдо мешаванд
Ногуфта намонад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон солҳои охир дар сафарҳои кории худ аз замин ва манзилҳои деҳқонон боздид мекунад ва ба ҳар хонаводае китобҳо туҳфа менамояд.
Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала