Ӯзбекистон аз Русия зиёдсозии парвозҳоро дархост кард: роҳи оҳанро низ баррасӣ мекунад

© Официальный сайт АО "Uzbekistan Airways"Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон ба мақомоти Русия бо пешниҳоди зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазам байни кишварҳо муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон дар бораи афзоиши шумораи парвозҳои мунтазам ба Русия гуфтушунид мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Пас аз он ки Русия аз 1 апрел бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон парвозҳо боз кард, дар кишвар талаби зиёд ба чиптаро эҳсос мекунад.
"Айни замон, вазорат гуфтушунидро бо идораҳои марбутаи Федератсияи Русия ҷиҳати зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазам вобаста ба вазъи эпидемиологӣ идома медиҳад", - гуфт хадамоти матбуоти ниҳоди Ӯзбекистон.
Ҳамчунин музокирот дар мавриди барқарорсозии иртибототи роҳи оҳан идома дорад.
Бояд гуфт, ки айни замон чиптаҳои парвозҳои мунтазам аз Тошканд ба Маскав се моҳ пеш фурӯхта шудаанд. Ғайр аз ин, онҳо аз нархи изҳоршуда хеле зиёдтар фурӯхта мешаванд. Ҳамзамон қаллобон ва фурӯшандагон низ фаъолтар шуданд.
Боздошти кассиру миёнарав барои гарон фурухтани билет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Боздошти кассиру миёнарав дар Душанбе барои гарон фурӯхтани чипта
Қаблан, "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" хабар дода буд, ки чиптаи ҳавопаймо барои парвоз ба Тошканд-Маскав на бештар аз 4,2 миллион сӯм (тақрибан 400 доллар) хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала