Човуш Уғлу бар афзоиши равобити бозаргонии Туркия ва Тоҷикистон таъкид кард

© ADEM ALTANМевлют Чавушоглу. Архивное фото
Мевлют Чавушоглу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Човуш Уғлу дар паёми Твиттерӣ бар зарурати густариши равобити бозаргонии кишвараш бо Тоҷикистон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Мавлуд Човуш Уғлу пас аз бозгашт аз Душанбе дар пайи ширкат дар нуҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ибтикори " Қалби Осиё" дар бораи Афғонистон дар паёми Твиттерӣ навиштааст, ки бозаргонони Туркия дар рушди муносиботи тиҷорӣ бо Тоҷикистон саҳми арзишманде бар ӯҳда доранд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба сомонаи “Тоҷ Вик”.
Тибқи иттилои манбаъ Мавлуд Човуш Уғлу изофа кардааст, ки Туркия дар даврони густариши вируси корона барои маҳори ин бемории кумакҳои зиёде ба Тоҷикистон расондааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи вазири хориҷаи Туркия, ин кишвар то ба ҳол дар Тоҷикистон 52 тарҳи мухталифро ба арзиши беш аз 660 миллион доллар иҷроӣ карда ва Анкара панҷумин шарики муҳими тиҷории Душанбе аст.
Аз сӯи дигар бар асоси гузориши хадамоти давлатии омори Тоҷикистон дар соли 2020 арзиши тиҷорати хориҷии ин кишвар бо Туркия ба 323 миллион доллар расидааст, ки 203 миллион доллари он саҳми Душанбе аст.
Турецкая армия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Туркия барои Тоҷикистон афсарони полис омода мекунад: бо кадом шартҳо?
120 миллион доллар низ мизони воридоти Тоҷикистон аз Туркия дар соли 2020 будааст.
Бо ин ҳол ба далели густариши вируси корона дар соли 2020 мизони тиҷорати Тоҷикистону Туркия дар муқоиса бо соли қабл 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала