Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми бозгашт аз Суғд ба Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми бозгашт аз Суғд ба Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар масъулин субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе гусел карданд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз анҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд хабар дод.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз 7 то 11 апрели соли 2021 ҷараён дошта, ӯ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дидан намуд. Раисиҷумҳур ба фаъолияти як қатор иншооти маъмурӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, кору хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, ки ба ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ кард.
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Посухи Абдуллоҳи Раҳнамо ба Тошиев: Ворух ба дашту биёбон мубодила намешавад
Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати Ворух дидан карда, баъди хомӯшиҳо дар мавриди пешниҳоди ҷониби Қирғизистон дар бораи иваз намудани Ворух, мавқеи Тоҷикистонро баён дошт. Ба гуфтаи раисиҷумҳур иваз шудани Ворух ҳеч гоҳ мавриди гуфтушунид бо Қирғизистон набуд ва будан ҳам наметавонад.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дастгирии соҳибкорон дастур дода таъкид намуд, ки масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ омили муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала