Эрон сафар ба 39 кишварро мамнӯъ кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксСамолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз мамнӯъияти сафар аз Эрон ба 39 кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Муҳаммади Исломӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон бо баёни инки барои сафару тараддуд ба 39 кишвар мамнӯъият вуҷуд дорад, гуфт, ки бо тавваҷуҳ ба шароити коронаӣ парвоз ба Британия ҳамчунон мамнӯъ аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Исломӣ дар бораи маҳдӯдияту мамнӯъияти фаъолияти турҳои мусофиратӣ ба Туркия низ гуфт, ки ҳамаи турҳои мусофиратӣ муваззаф ҳастанд ба мусавваботи ситоди миллии корона амал кунанд.
Ба гуфтаи вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ба рағми мамнӯъияти сафари гардишгарон ба Туркия аз онҷо ки ин кишвар нуқтаи иттисоли Эрон ба дигар кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад, парвозҳо ба Туркия ба далели мубодилоти тиҷорӣ барқарор аст.
Иранские женщины сидят на автобусной остановке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Рекорди ҷадид дар Эрон: сирояти 19 ҳазору 666 нафар ба вируси корона дар як шабонарӯз
Исломӣ дар бораи тамдиди ду ҳафтаии маҳдӯдиятҳо дар сафар ба Ироқ низ гуфт, сафар ба Ироқ ба далели вазъияти сурхи устони Хузистон дар ҷанӯбу ғарби Эрон қабл аз Наврӯз мамнӯъ шуда буд, ки ин маҳдӯдиятҳо ду ҳафтаи дигар тамдид шудааст.
Вай афзуд, сафар ба бақияи кишварҳои ҳамсояи Эрон бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ анҷом мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала