Мақомот куштори се кӯдаку худовезии модарро шарҳ доданд: фоҷиа дар ҷамоати Рӯдакӣ

© PixabayДевочка плачет, архивное фото
Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фоҷиа дар шаҳри Панҷакентро, ки модар нахуст се кӯдакашро овехта, баъд худкушӣ кардааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса 10 апрели соли 2021, тахминан соати 16:00 рух додааст.
Манбаъ таъкид кард, ки Шаҳло Шарипова, модари 32-солаи се кӯдак дар пайи муноқишаи оилавӣ фарзандонро ба боғ оварда, онҳоро овехта, ба ҳалокат расондааст. Ӯ сипас худкушӣ кардааст.
ВУД тавзеҳ дод, ки Шарипова Шаҳло Эркиновна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент буд. Ин модар як писари 6-сола ва ду духтараш - қариб як ва чорсоларо куштааст.

Шарипова бинобар муноқишаи оилавӣ, 3 нафар фарзандони ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи "Боғи Ниёз"-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст ва худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта, худкушӣ кардааст, хабар дод ВУД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала