Озарбойҷон эълом кард, ки дигар ҳеч асире ба Арманистон бозгардонда нахоҳад шуд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийско-турецкий центр контроля за соблюдением перемирия в Карабахе, архивное фото
Российско-турецкий центр контроля за соблюдением перемирия в Карабахе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон эълом кард, ки дигар ҳеч асире ба Арманистон бозгардонда нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҷайҳун Байрамов ахиран эълон кард, ки унвони асир ба боздоштшудагони торихи сулҳномаи сеҷониба дар 10 ноябри 2020 марбут мешавад ва боздоштшудагон пас аз ин сулҳнома террорист ҳастанд ва асир ба ҳисоб намеоянд, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симои Эрон.
Вай афзуд, ки низомиёни боқимонда дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон пас аз имзои тавофуқи оташбаси сеҷониба дар 26 ноябри 2020 дар минтақа дастгир шудаанд ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин афрод ташкил шудааст.
“Бинобарин бо тавваҷуҳ ба поёни ҷанг ин афрод на асири ҷангӣ балки ҷинояткор ба шумор меоянд”, - гуфт вазир.
Вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон ёдовар шуд, ки ин кишвар то кунун беш аз 70 асири ҷангиро ба Арманистон таҳвил дода ва дар муқобил Арманистон низ 12 асири озарбойҷониро ба мо баргардонида аст.
Заседание Евразийского межправительственного совета стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
Рӯзи гузашта ҳавопаймое аз Арманистон барои интиқоли низомиёни худ вориди фурӯдгоҳи Боку шуда буд, аммо бидуни ин низомиён ба Ереван бозгашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала