Пешниҳод баъд аз марг: Бадалипур пешниҳод кард, ки ба Баҳманёр унвон диҳанд

© Официальный сайт Бахманёра АминиБахманёр Амини. Архивное фото
Бахманёр Амини. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Шоири шинохтаи тоҷик пешниҳод кардааст, ки ба ба нависандаи маъруф, зиндаёд, Баҳманёр баъди марг, унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон диҳанд
ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Ба нақл аз сомонаи “Pressa.tj”, Мирзоҳусайни Бадалипур, шоири шинохтаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ пешниҳод кардааст, ки “ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон — Тоҷикистон, ба хотири гиромидошт ва қадршиносӣ, ҳамзамон, такони раванди худогоҳию худшиносии миллӣ ба нависандаи маъруф, зиндаёд, Баҳманёр (Баҳманёр Аминӣ) баъди марг, унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шавад”.
Ёдрас мешавем, ки Баҳманёр (Наҷмиддин Арабов), нависандаи маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 10 ноябри соли гузашта, дар манзили худ дар маҳаллаи мавсум ба "Политехникум" - и шаҳри Душанбе дар синни 66 – солагӣ олами фониро тарк кард.
Китоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2015
Китоби нави Баҳманёр бо номи “Турфаҳо” нашр шуд
Ӯ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ба қавли наздиконаш, қаблан ба фарзандон васият карда будааст, ки ӯро дар ватани бобоиаш – деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент ва дар канори қабри падараш гӯронанд.
Қаблан як қатор зиёиёни маъруфи кишвар пешниҳод намуда буданд, ки Баҳманёр дар қатори дигар бузургони аҳли адаби тоҷик дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад. Аммо Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи як санади расмӣ, дар қабристони Лучоб афроде, ки унвонҳои баланди давлатӣ доранд, ҷой дода мешаванд.
Баҳманёр муаллифи осори гаронбаҳои насрӣ аст, аммо унвони давлатӣ надорад. Яке аз наздиконаш мегӯяд, муҳимтар аз ҳама иҷрои васияти ӯст, на ин ки куҷо қабр мешавад.
“Баръакс, мазори ӯ зиёратгоҳи аҳли адаб ва мухлисонаш хоҳад буд. Қабри устод Рӯдакӣ ҳам дар Панҷрӯд ва зиёратгоҳи тамоми мардуми эронинажод аст”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала