Ҳабси рақиби Лоиқ Раҷабов: ҳарифи нав таъйин шуд

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Рақиби Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, ки дар Лигаи PFL-и Амрико зӯрозмоӣ мекунад, ғайримунтазира иваз карда шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, мебоист дар лигаи PFL бо размикори амрикоӣ Ҷонни Кейс 21 апрел зӯрозмоӣ мекард, аммо гуфта мешавад, ки варзишкори амрикоӣ ҳабс шудааст.
Бар асоси иттилои расида, намояндаи ИМА барои хушунати хонаводагӣ боздошт шуд ва дар ҳабс дар Невада қарор дорад.
Ҷузъиёти ин ҳодиса ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки ҷабрдида дӯстдухтари Ҷонни Кейс мебошад, ки ӯ ҳам як варзишкори муҳорибаи омехта аст.
Масъулини мусобиқа фавран барои Кейс, ки аз сабқат канор монд, ҷойгузини дигар ёфтанд. Таъкид шудааст, ки зӯрозмоии Раҷабов ба 23 апрел мавқуф гузошта шуд, рақиби ӯ Алекс Мартинеси шикастнадида аз Парагвай хоҳад буд.
Чорабинӣ дар Ocean Casino Resort Atlantic City баргузор мешавад ва гузориш аз он дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала