Рекорди ҷадид дар Эрон: сирояти 19 ҳазору 666 нафар ба вируси корона дар як шабонарӯз

© AP / Vahid SalemiИранские женщины сидят на автобусной остановке
Иранские женщины сидят на автобусной остановке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Бо шиносоии 19 ҳазору 666 бемори ҷадиди корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон рекорди шиносоии рӯзонаи беморон дар ин кишвар шикаста шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз 19 ҳазору 666 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва 205 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, дар шабонарӯзи гузашта 193 нафари дигар аз мубталоён ба вируси корона Эрон низ ҷони худро аз даст доданд ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 64 ҳазору 232 нафар расид.
Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон низ то ҳол 2 миллиону 49 ҳазору 78 нафар будааст, ки токунун як миллиону 702 ҳазору 62 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаанд.
Ученики с родителями во время гимна в первый учебный день в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Эрон аз марзи 1 миллион нафар гузашт
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Эрон аз оғози мавҷи чоруми паҳншавии вируси корона дар ин кишвар хабар доданд.
Афзоиши омори мубталоён ба корона дар Эрон дар натиҷаи таътилот ва сафарҳои наврӯзӣ рух медиҳад ва нишондиҳандаи оғози мавҷи чаҳоруми корона дар ин кишвар аст.
Лентаи хабарҳо
0