Шарҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ: мақомоти ҲХДТ барои як ҳафта ба вилояти Хатлон сафар карданд

© Пресс-служба Парламента РТ Вакили парлумони Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин
Вакили парлумони Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Давоми як ҳафтаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари кардааст
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар додааст, аснои сафар дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд.
Дар он ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд.
Ҳамчунин барои ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2020
Эмомалӣ Раҳмон аз ним миллион аъзо ва тавоноии ҲХДТ гуфту ҳамҳизбиёнашро табрик кард
Зикр шуд, ки аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала