Тағйири банди қонун дар мавриди созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон: коргарон сабт мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, хостори тағйирот ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” шуд, ки палатаи поёнии парлумон онро қабул кард
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон зарурати тағйири қонунро баманфиатҳои миллӣ ва созгор намудани санади зикршуда бо қонунҳои кишвар” рабт дод.
Ӯ тавзеҳ дод, ки тибқи конвенсияҳои Вена дар бораи робитаҳои дипломатию консулӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки мақоми дипломатӣ доранд, аз масунияту имтиёзҳо бархӯрдор буда, дар кишвари пазиранда аккредитатсия мешаванд.
Деньги в чемодане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2019
Имзои раисиҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз робитаи созмонҳои ҷамъиятӣ бо террористону пулшӯйҳо
Бар асоси асоси қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” аз 25 апрели соли 2007 ҳайати шахсии созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ) - и кишварҳои хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия мешаванд, навиштаст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли ноиби аввали вазири хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки конвенсияҳои Вена дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ)-и кишварҳои хориҷӣ татбиқ намешавад. Аз ин рӯ, ҳайати шахсии ин гуна созмонҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ на аккредитатсия, балки ба қайд гирифта мешаванд.
Хусрав Нозирӣ
ноиби авали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷӣ даровардани тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бобати ба қайд гирифтани кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳои хориҷӣ ва ба қайд гирифтани намояндагиву филиалҳои он созмонҳоро дар Тоҷикис­тон амри лозим мешуморад, таъкид намуд Нозирӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала