"Аз тирезаи идораи милиса парид": шарҳи ВКД дар бораи марги Гадозода дар Ваҳдат

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки марди сисола бар асари паридан аз утоқи кории идораи милиса аз ошёнаи сеюм дар беморхона ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. ВУД мегӯяд, Гадозода Меҳриддин, сокини сисолаи деҳаи Кабиробод аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст ва дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ниҳод шоми 10 апрел гузориш дод, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Гадозода Меҳриддин Файзулло, соли таваллудаш 21-уми июни соли 1990, сокини деҳаи Кабирободи ҷамоати деҳоти Абдулвоситови шаҳри Ваҳдат боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, Гадозода дар 12 ҳолати дуздии молу мулк айбдор гардида, амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гумонбаршаванда Гадозода ҳангоми дастрас намудан ба ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад, хабар дод ВУД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки нисбати ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.
Феълан иттилои бештар ва аз манобеи дигар дар бораи ин қазия дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0