Вазорати саноат “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит”-ро ба Тоҷикистон даъват кард

© Sputnik / Стас ЭтвешЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Бо мақсади амалӣ намудани ҳамкориҳои судманд, бо даъвати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон намояндагони ҶДММ “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит”-и Вазорати иқтисоди Озарбойҷон ба Тоҷикистон ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, намояндагони ҶДММ “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит” дар ҳамоиши кории роҳбарият ва сохторҳои дахлдори Вазорат иштирок намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат, вохӯрии вакилони халқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Озарбойҷон дар бораи паркҳои технологӣ ва таҷрибаи ташкил намудани онҳо баргузор гардида, доир ба он ибрози назар карда шуд.
Махмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Зокирзода: Тоҷикистон аз рушди муносибот бо Озарбойҷон манфиатдор аст
Ҳамзамон, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи мазкур – Шараф Шерализода бо намояндагони ҶДММ “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит”-и Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
“вобаста ба имтиёзҳои мавҷуда барои корхонаҳои саноатӣ, хусусан дар паркҳои саноатӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ, сӯҳбати самарабахш ба анҷом расонида шуд”, - иттилоъ додааст Вазорати саноат.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала