Видеои тавсифи Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва Манижа: “тамошо кардам”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори тавсифи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз муштазнҳои Исфара ва овозхон Манижа нашр шудаст. Раисиҷумҳур таъкид кард, ки ин ҳолатҳо баёнгари онанд, ки чӣ гуна як нафар метавонад, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад
Раҳмон бо табассум дар хитоб ба мардум аз Манижа гуфт, ки Евровидение меравад.
“Ҳамара саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтараки тоҷика дидан наметавонанд”, - гуфт Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки чӣ қадар як кас метавонад дар арсаи байналмилалӣ обрӯи давлатро бардорад ва дар баробари муштзанҳои номии Исфара аз Манижа низ ёд кард.

Манижароо бинед! Евровидение! Офарин, дастгирӣ кардан даркор. Аҳсан барои он, ки дар тамоми ҳолат аз тоҷикияти худаш даст намекашад. Мегӯяд, ман тоҷикам, дар Тоҷикистон таваллуд шудаам, имрӯз шаҳрванди Русияам. Ҳақиқатро гуфтаст.

Эмомалӣ Раҳмон
раисиҷумҳури Тоҷикистон
Манижа Сангин имсол Русияро дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 бо таронаи "Зани рус" муаррифӣ мекунад. Рӯзи 8 март дар давраи интихобии озмун дар Русия тариқи Шабакаи аввали кишвар маълум гардид, ки имсол дар озмун аз номи Русия Манижа иштирок мекунад.
Аммо таронаи "Зани рус" дарҳол зери вокунишҳои тунди бархе, аз ҷумла вакилону сиёсатмадорони Русия қарор гирифт.
Бисёрашон бар ин буданд, ки матни тарона нофаҳмо ва бемантиқ аст.
Дар ҳамин ҳол, кам нестанд нафаране, ки овозхони тоҷиктаборро дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла бештари ситораҳои шоу-бизнеси Русия, ситораҳои тоҷик ба Манижа Сангин муваффақият таманно кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала