"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Амонатбонк дар 7 соли оянда барои ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. “Амонатбонк” то 31 марти соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 18 ҳазор муштарӣ 238 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк”, дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 29,7 дарсад ва ҳаҷми қарздиҳӣ 5,3 дарсад зиёд гардидааст.
“Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 28,3%, кишварзӣ 21,4%, истеъмолӣ 20,4%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 13,2% нақлиёт 7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хўроки умумӣ) 1,8% рост меояд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар самти бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50 дарсади қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.
Здание Амонатбанка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
“Амонатбонк” дар се моҳи фаъолияташ наздик ба 14 миллион сомонӣ даромади соф гирифт
Зикр шудааст, ки Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Кишоварз”, ки соли гузашта ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.
Ҳамзамон “Амонатбонк” иттилоъ додааст, ки аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллар кушода шуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 6,1 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала