Шарҳи расмии садамаи мудҳиш дар Ваҳдат, ки ҷони 5 нафарро рабуд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи мудҳиши роҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғараро, ки дар пайи он панҷ нафар ҳалок шуд, шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса шаби гузашта соати 21:19 дақиқа дар мавзеи Лақайбегии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бо чор мусофир буд, ҳангоми аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе омадан ба мошини боркаши “Дулан”, мутааллиқи сокини 37-солаи ноҳияи Фархор, бархурдааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Бархурди "Mercedes" - ҳои Файзалию Фузайл бо марги ҳарду анҷомид: садама дар Хатлон
"Ронанда ва ҳамаи чор мусофири мошини “Опел-Астра”, ки 3 нафраи онҳо мард, яке зан ва чорумӣ кӯдаки ноболиғ будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.
Ҷасади қурбониёни ин садамаи мудҳиш аз ҷониби сокинони маҳалле, ки садама рух додааст, аз дохили мошин бароварда шуда, ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд, таъкид кардааст манбаъ
КҲФ гуфтааст, сабаби ин садама ҳоло дақиқан маълум нест ва мақомоти тафтишотӣ сабабҳои садамаро дақиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала