Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Охирин хабару гузоришҳо аз нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро метавонед аз ин пайванд пайдо кард

Нархи равған дар бозорҳои Суғд, дар арафаи Рамазон қариб ду баробар боло рафт

© sputnikАфзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон
Афзоиши нархи равған дар бозорҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Арзиши равған, умдатарин маводи ғизоӣ дар бозорҳои Суғд ба 25 сомонӣ дакка задааст. Ин рақам назар ба як ҳафтаи пеш 40 % баланд гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Дар бораи баланд шудани нархи равған, хариддорон аз фурӯшандаҳо шикоят мекунанду фурӯшандаҳо дар навбати худ аз воридкунандаҳои ин маводи ғизоӣ.
Сокиноне, ки дар остонаи моҳи Рамазон барои харид ба бозор омадаанд, дар бораи гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ ба вижа равған таъкид мекунанд.
Шарифа як сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, қиммати як литр равғани растанӣ ҳоло дар бозор ба 25 сомонӣ баробар шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд ва ба қимматфурӯшон ҳушдор дод
Чизе, ки ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон як ҳафтаи қабл ҳамагӣ 18 сомонӣ буд. Дар ин миён нархи як литр равғани доғнашудаи пахта ҳам аз 16 сомонии қаблӣ ба 22 сомонӣ баланд шудааст.

“Як литр равған якбора 7 сомонӣ баланд шуда, ба 25 сомонӣ расидааст. Дар шароити мо, ин нарх хеле гарон аст, баъзеҳо имкони хариданро надоранд”, - гуфт Шарифа.

Фаридун яке аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” изҳор намуд, ки як ҳафта ба ин тараф ширкатҳои воридкунанда, ин навъ маводи ғизоиро бо нархи баландтар ба онҳо дастрас мекунанд.
“Бисёрии хариддорон фикр мекунанд, ки мо пеши худ нархро баланд кардаем. Ҳол он, ки мо сари ҳар як зарфи се ё панҷ литра 1, 5 ё 2 сомонӣ монда мефурӯшем”, - гуфт ӯ.
Аксар фурӯшандаҳо изҳор мекунанд, ки аз баланд шудани нарх хушбин нестанд, зеро дар чунин вазъ, ки на ҳама имкони харидан дорад ба сустшавии суръати савдои онҳо боис шудааст.
Ослабление карантинного режима в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи гӯшт дар вилояти Хатлон ба 60 сомонӣ расид
Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, сабаби баланд шудани нархи равғанро ба чанд омил рабт дод. Ӯ гуфт, яке аз ин сабабҳо баста будани роҳҳо ва коҳишёфтани ҳаҷми воридоти ин навъ маводи ғизоӣ аз Русия ва дигар кишварҳо аст.

“Пештар ба ҳисоби Русия, аз Украина, Озорбойҷон ва Ӯзбекистон равған ворид карда мешуд, ҳоло ба таври қобили мулоҳиза ворид нашудааст. Чизи дигар ин баландшавии қурби доллар нисбат ба сомонӣ аст, ки таъсири худро расонидааст”, - афзуд Почоев.

Ин масъули бозор ҳамчунин таъкид намуд, ки аксар корхонаҳои равғанкашии ҳудуди вилоят ба таври кофӣ фаъол нестанд ва маҳсулоте, ки дар онҳо тавлид мешавад талаботи бозорро дуруст таъмин карда наметавонад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар бораи ба 58, 9 ҳазор гектор афзудани кишти пахта иттилоъ дода, гуфта буданд, ки аз ин ҳисоб бештар аз 135 ҳазор тон ҳосили пунбадона рӯёнида шудааст.
Ба гуфтаи масъулин дар шаҳру навоҳии Суғд ҳудуди 40 корхонаи коркарди пахта мавҷуд будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала