Эрон ваъда дод, ки аз Исроил барои "ҳамла" ба иншооти ҳастаӣ интиқом мегирад

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Ҷумҳурии Исломии Эрон садама дар иншооти ҳастаӣ дар Натанзро кори дасти Исроил медонад ва ваъда додааст, ки интиқом хоҳад гирифт.
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода гуфт, ки Теҳрон сари вақт ба Исроил барои ҳамла ба иншооти ҳастаӣ дар Натанз интиқом хоҳад гирифт.

"Эрон дар вақти муносиб аз режими Исроил барои ҳамлаи охирин интиқом хоҳад гирифт", иқтибос меорад аз Хатибзода Пресс ТВ.

Хатибзода ин ҳамларо "амали терроризми ҳастаӣ дар хоки Эрон" номид. Вай гуфт, ки Эрон сентрифугаҳои дар натиҷаи ин ҳамла осебёфтаро бо навъҳои пешрафта иваз мекунад.
Созмони Энержии Атомии Эрон рӯзи 11 апрел эълом дошт, ки дар шабакаи тақсимоти барқ ​​дар корхонаи ғанисозии ураниум дар Натанз садама рух дод, касе осеб надид, ифлосшавии муҳити зист набуд, сабабҳои ҳодиса муқаррар карда мешаванд.
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Чин хостори лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд
Баъдтар ноиби президенти Эрон ва раҳбари созмони энержии атомии ин кишвар Алӣ Акбар Солеҳӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҳамла ва зуҳури "терроризми ҳастаӣ" аст.
Ширкати телевизион ва радиои Исроил "Кан" бо такя ба "манбаъҳои иктишофӣ" хабар дод, ки гӯё Исроил дар паси ин ҳодисаи рухдода дар Натанз қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки Моссад дар ҳамлаи киберӣ ба як таъсисоти ҳастаӣ даст дорад.
Ба дунбол, як манбаи номаълуми амрикоӣ ба хабаргузории New York Times дар бораи даст доштани Исроилро дар ин ҳодиса тасдиқ кардаст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф низ Исроилро ба тахриб кардани таъсисоти ҳастаӣ дар Натанз айбдор кард.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
Ба гуфтаи дипломат, ҷониби Исроил ба ин васила нишон медиҳад, ки намегузорад, Эрон дар лағви таҳримот ба пеш ҳаракат кунад.
Хабаргузории ИРНА аз қавли Зарифа навиштааст: "Саҳюнистҳо мехоҳанд, дар посух ба муваффақият дар раванди лағви таҳримҳо аз мардуми Эрон интиқом бигиранд, посухи мо ба худи саҳюнистҳо хоҳад расид".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала