Дар Ҷопон мардони мақомдор "ҳомиладор" шуданд - навор

© PixabayМужчина в деловом костюме, архивное фото
Мужчина в деловом костюме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Пешниҳоди Такако Судзуки, вакили ҳизби ҳокимро ду ҳамкори ӯ дастгирӣ намуданд ва барои ду рӯз, ҳомиладориро таҷриба намуданд.
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Ҷопон ду вакил аз ҳизби ҳоким дар як таҷрибаи ғайриоддӣ худро санҷиданд, ки ҳампешаи онҳо онро таҳия ба пешниҳод намудааст, менависад Vice.
Ҳомиладорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2016
17 моҳи ҳомиладорӣ: Зани чинӣ рекорди нав гузошт
Такако Судзуки ба ҳамкорони худ пешниҳод намудааст, ки барои чанд рӯз "ҳомиладор" шаванд то мушкили занони ҳомиладорро дарк намоянд.
Манбаъ меафзояд, пешниҳоди вакилро танҳо ду мард пазируфтанд ва давоми ду рӯз либоси махсусро ба бар намуданд. Ин либос 7,3 кило вазн дорад.
Иштирокчиёни ин таҷриба ба ҳеҷ ваҷҳ либоси худро накашиданд ва бо он ҳам дохили нақлиёт мешуданду ҳам вориди коргоҳ.
Зимнан, онҳо ҳар коре, ки дар хона анҷом медоданд онро сабт намуда, наворро дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекарданд.

Нишастану хестан ва анҷом додани ҳар як кор нороҳатӣ ва ҳамчунин каме дардманд ҳам ҳаст, ба хулоса омадаанд вакилони "ҳомиладор".

Зикр мегардад, ки идеяи озмоиш таъсир расонидан ба вазъияти табъиз алайҳи занони ҳомила буд, ки дар Ҷопон як ҳодисаи мукаррарӣ шудааст.
Гуфта мешавад, занони ҳомила аксар вақт ба таънаи маъмурият ва ҳамкорони худ дучор меоянд, ки гӯё аз сабаби сустӣ ва ё танбалӣ дар кори худ ба пешрафте ноил намешаванд.
Лентаи хабарҳо
0