Корфармоёни Русия боз ба суроғи муҳоҷирони тоҷик меоянд

© Sputnik Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Қарор аст, то охири ҳафтаи ҷорӣ масъулони ширкати сохтмонии “Тех строй”- и шаҳри Маскав ба Тоҷикистон омада, барои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия шартнома ба имзо расонанд
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, бо ироаи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди ба охир расидани мулоқот бо муҳоҷирон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, кормандони ширкати “Тех строй” дар охирҳои ҳафта ба Хуҷанд хоҳанд расид.

“Тавре ҳамкорони онҳо, субъектҳои хоҷагидор, ба мо иттилоъ доданд, то се рӯзи дигар мулоқот бо муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ба охир расида, баъдан намояндагони “Тех строй” барои ба ҳамкорӣ даъват намудани муҳоҷирони тоҷик ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе сафар мекунанд”, - гуфт Шарифӣ.

Бино ба иттилои манбаъ ин дуюмин сафари корфармоёни ширкати русиягӣ хоҳад буд, ки барои ба кор даъват намудан, ба суроғи муҳоҷирон ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ, намояндаҳои ин ширкати сохтмони иборат аз 16 нафар, давоми чаҳор рӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе бо сокинон мулоқот доир намуда, дар умум ба ҳудуди 100 нафар мутахассисони баландихтисос шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Зайнура Шарифӣ мегӯяд, дар ҳоли ба имзо расидани беш аз ин миқдор шартномаҳои дигар, аз ҷониби масъулони ширкати “Тех строй” ва ҳамкорони онҳо аз ҷумла ширкати “Олами сайёҳат” сафарбаршавии муҳоҷирон тавассути як ҳавопаймо сурат хоҳад гирифт.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Супориши Раҳмон ба раҳбарияти Суғд барои коҳиши муҳоҷират: соҳибкоронро дастгирӣ кунед
Соли 2020, дар пайи хуруҷи ғайриинтизори бемории COVID-19 бахши аъзами муҳоҷирон ба Русия рафта натавонистанд ва ин омил ба вазъи иқтисодии аксар хонаводаҳо таъсири амиқи манфӣ расонд.
Дар ин миён аксар коргоҳу ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия низ ба мушкили камбуди коргарон дучор шуданд.
Ширкати “Тех строй”- и Русия бастани то 500 шартномаи ҳамкорӣ бо тоҷиконро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расмикунии ҳуҷҷатҳо, аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро бар уҳда мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала