Натиҷаҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевБолельщики на отборочном матче между сборными Таджикистана и Японии на чемпионат мира по футболу 2022
Болельщики на отборочном матче между сборными Таджикистана и Японии на чемпионат мира по футболу 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаҳои бозии даври дуюми Чемпионати кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи олимпӣ, бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 апрел баргузор шуданд.
Дар қаҳрамонӣ дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд аввалин пирӯзиашро дар лигаи олӣ ҷашн гирифт.

Тими “Эсхата” дар сафар тими КМВА-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Ҳар се голро дар ҳайати “Эсхата” легионерҳои ӯзбекистонӣ заданд, - омадааст дар иттилоия.

Голзанҳои тими бонк, легионерҳои ӯзбекистонӣ – Акобир Тураев ду гол, Шаҳзод Абдураҳимов як гол задааст.
Бозии дигар миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Хуҷанд” баргузор шудааст, ки мусовӣ – 1:1 анҷоё ёфтааст. Ба голи задаи Нуриддин Ҳамроқулов хуҷандиҳо тавассути зарбаи нишонраси Артем Сердюк ҷавоб доданд, таъкид кардааст Кумитаи олимпӣ.
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Футболбозони “Истиқлол” дар Саудӣ бо қаҳрамонҳо сабқат мекунанд
Тими “Куктош” дар майдони худ бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаро дар ин вохурӣ Азизбек Султонов ба ҳадаф расондааст.
Дар бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” ғолиб муайян нагардид ва ҳисоб 0:0 боқӣ монд.
Кумита зикр намудааст, ки бозиҳои дастаи “Истиқлол” дар лигаи олӣ, бо сабаби иштироки ин даста дар марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои Осиё дар вақти дигар баргузор мешаванд.
Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 16, 17, 18 апрел баргузор хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0