Нуҳ объекти таърихии дигари Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО шомил гардид

© Sputnik / Амир ИсаевЗнак на въезде в город Пенджикент
Знак на въезде в город Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шудааст.
Ин долонҳо дар Шоҳроҳи бузурги таърихии "Абрешим" ки тавассути кишвари мо мегузарад ҷойгир шудаанд.
Раскопки городища Тахти-сангин (ХРАМ ОКСА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2021
Пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО дар бораи "Тахти Сангин"-и ноҳияи Қубодиён
Аз ҷумла дар долони "Зарафшон-Қайроқум" 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили "Панҷакенти Қадима", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Қум", "Тали Хамтуда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва Мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" мебошад.
Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.
Ҳамpамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд.
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2020
Пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО барои сабти 3 маросими фарҳангӣ
Вазорат ёдоварӣ карда, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала