Чанд кишвар оғози моҳи Рамазонро ба таъхир гузоштанд: сабаб

© AFP 2021 / Karim SahibВид на мечеть шейха Зайда в Абу-Даби, ОАЭ
Вид на мечеть шейха Зайда в Абу-Даби, ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Интизор меравад, бегоҳи имрӯз Додгоҳи олӣ дар Арабистони Саудӣ бори дигар масъалаи оғози моҳи шарифи Рамазонро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар кишварҳои Халиҷи Форс оғози моҳи мубораки Рамазон ба таъхир гузошта шуд, менависад РИА Новости.
Ба хабари манбаъ, Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ рӯзи 11 апрел эълон кард, ки баромадани моҳи навро касе мушоҳида накард ва аз ин рӯ моҳи Рамазон дар кишварҳои Халиҷи Форс аз рӯзи душанбе оғоз нахоҳад шуд.
"Аз сабаби номумкин будани пайдоиши ҳилоли нав, суд фардо бегоҳ ҷамъ омада, дар бораи оғози моҳи Рамазон тасмим мегирад", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан, аксар кишварҳои арабӣ дар ин масъала мавқеи Арабистони Саудиро пайгирӣ мекунанд.
Ҳамакнун санаи оғози моҳи мубораки Рамазон дар Миср, Ироқ, Тунис, Ливан, Кувайт, Яман ва Аморати муттаҳидаи Араб номаълум аст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд ва ба қимматфурӯшон ҳушдор дод
Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро рӯзи 13 апрел гуфта буд.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала