Эмомалӣ Раҳмон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд ва ба қимматфурӯшон ҳушдор дод

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сокинони кишварро ба моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро хоҳад расид, табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, ки онро дафтари матбуотияш нашр кардааст бо зикри ёдоварӣ аз муҳимоти ин моҳ президент сокинонро ба ободкорию хайру сахо хонда, гуфтааст, моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.
Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад, таъкид кардааст раисиҷумуҳр.
Президент ҳамзамон бо ёдоварӣ аз назари олимонӣ динӣ гуфтааст, киҳо метавонанд дар моҳи муборак рӯза нагиранд.
Ба гуфти президент, дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад.
"Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд", - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур бо зикри ёдоварӣ аз соли мушкил гуфтаааст, бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем.
Рамазан-2021 в Таджикистане: расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Рамазон-2021: тақвими рӯза
"Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем", - таъкид кард президент.
Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накӯкорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.
Президент гуфтааст, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.
"Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад", гуфтааст раисиҷумҳур.
Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод".
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шӯрои уламо пули фидяи савм, нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистонро гуфт
Эмомалӣ Раҳмон дар хотима гуфтааст, бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо баробари риояи рукнҳои моҳи муборак корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала