Зеленский хоҳиш кард, ки бо Путин мулоқот ташкил кунанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина во Францию
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский хоҳиш кардааст, ки бо роҳбари Русия Владимир Путин мулоқот ташкил кунанд.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Украина Юлия Мендал, Зеленский дар бораи мулоқот бо Путин аз Русия дархост кардааст.
Дар мулоқот Зеленский мехоҳад танишҳо дар шарқи Украинаро баррасӣ кунад.
"Маъмурияти президент, албатта муроҷиат кард, ки бо Владимир Путин мулоқот кунад", - гуфтааст Мендал.
Ӯ таъкид кардааст, ки Киев то ҳол аз Маскав посух нагирифтааст. "Хело умед дорем, ки ин маънои рад кардани мулоқотро надорад", - афзудааст котиби матбуоти президент.
Лентаи хабарҳо
0