Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи ахир ҳолати сукутро дар баробари сомонӣ нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби нави асъорро дар кишвар муқаррар кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қурби доллари амрикоӣ, ки ҳавфтаи гузашта боло рафту пасон поин омад, давоми ду рӯзи ахир дар марзи 11,3195 сомонӣ ист кардааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ низ дар ҳолати қурби шинокунанда буда, дар Тоҷикистон имрӯз барои як евро 13,4555 сомонӣ муқаррар шудааст.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
"Амонатбонк” гуфт дар се моҳи соли равон чиқадар ва ба кӣ қарз додааст
Ҳамзамон, маълум аст, ки евро дар ҳоли мунтазам болоравист, зеро дар аввали апрел 13,29 сомонӣ барои як евро дода мешуд.
Рубли русӣ ҳафтаи дуввум аст, ки дар ҳоли номуназзамӣ қарор дорад ва барои ҳазор рубл 146 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала