"Ҳалокшудаҳо 6 нафар, шахсияти якеаш номаълум": ВКД гуфт, ронанда аз уҳдаи идора набаромад

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки 6 кушта, аз ҷумла як зану кӯдакро барҷой гузошт, бар асари аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаи “Опел” рух додааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шахсияти яке аз 6 ҳалокшуда дар шаҳри Ваҳдат – марди тахминан 35 – 40 - сола то ҳол номаълум мебошад.
Манбаъ зикр намуд, ки шоми 11 март, Ҷамшедҷон Худойбердиев, ронандаи 30-солаи мошини “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Горы в Таджикистане в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Куштор ё худкушӣ? ҷасади духтари 16 - сола дар кӯҳҳои Леваканд дарёфт шуд
ВУД илова намуд, ки дар натиҷа “Опел” ба мошини боркаши “Камаз”, таҳти идораи Шарифов Сайдалӣ, сокини 38-солаи ноҳияи Фархор, бархӯрдаст.
Дар пайи бархӯрд ронандаи “Опел-Астра”, Худойбердиев ва мусофиронаш Зикруллоеваҳо Савриниссои 45-сола ва Зуҳрои 6-сола, сокинони Кӯлоб, Раҳимов Иброҳими 57-сола ва Абдиев Ҳабибуллои 43-сола, сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. ВУД афзуд, ҳуввияти қурбонии панҷуми ин садама, марди тахминан 35-40-сола то ҳол номаълум мебошад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала