Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Ин суруд нест": интиқоди Шуфутинский аз суруди Манижа барои Евровидение - 2021

Певец Михаил Шуфутинский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Шансонсарои рус Михаил Шуфутинский дар суруди Манижа "Зани рус" ҳеҷ паёме нашунидааст
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Овозхони маъруф, муаллифи хитҳои "Одессаи ман" ва "3 сентябр" Михаил Шуфутинский композитсияи "Зани рус" -и Манижарохуб арзёбӣ накард.
Шансонсаро дар мусоҳиба бо "Московский Комсомолетс" дар бораи диди худ дар бораи озмуни байналмилалӣ ва сурудҳо барои ин озмун аз Русия нақл кард.
"Он чизе ки ман шунидам - ​​ба назари ман, ин суруд нест. Вай як навъ асареро сароид, ки зоҳиран мотивҳои миллатҳои мухталифро дар бар мегирад", - гуфт Шуфутинский.
Ба гуфти ӯ, дар суруд паёми асосӣ гуфта нашудааст, ба ҷуз он ки Манижа танҳо пораҳои сурудҳои мухталифро хуб иҷро кардааст.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Ба гуфти сароянда, асари мусиқӣ ин "ҳиссиёт, ишқ, муҳаббат, шӯхӣ, хиёнат" аст, ки дар суруди "Зани рус" дида намешавад.
Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем
Дар мавриди мавзӯи феминизм бошад, Михаил Шуфутинский гуфт дар ин суруд баҳс нашудааст. Ӯ мегӯяд, агар воқеан чунин паём мебуд, хуб мешуд.
"Аммо ман ба Манижа ҳаводорӣ мекунам, зеро вай кишвари моро муаррифӣ мекунад. Худо ба ӯ муваффақият ато кунад. Аммо дар санъати сурудҳои мо мусиқӣ хеле нозук, гуногун, ҳассос ва амиқтар аст. Шояд ман чизеро намефаҳмам. Ман калонсолам ва афзалиятҳои худро дорам", - таъкид кард ҳунарманд.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Намегузорам, маро шикананд": Манижа гуфт, ҳақ дорад худро зани рус номад
Дар мавриди худи озмуни Евровидение -2021 сароянда онро дар шакли имрӯзааш хеле аҷиб хондааст, зеро он дар аввал он ҳамчун "Грэмми" ба нақша гирифта шуда буд.
"Чунин ба назар мерасад, ки ҳар сароянда, ҳар гурӯҳ имрӯз кӯшиш мекунад, як чизи ҳайратангезро нишон диҳад. Баъзан фикр мекунӣ, Мавзӯи асосиии озмун - "Суруд куҷост?"- гуфт овозхони рус.
Вай ба хулосае омад, ки мутаассифона, суруд дар формате ки бояд бошад, дигар нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала