Куштор ё худкушӣ? ҷасади духтари 16 - сола дар кӯҳҳои Леваканд дарёфт шуд

© Фото : Руслан ЯкшибаевГоры в Таджикистане в Согдийской области
Горы в Таджикистане в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, феълан сабаби марги духтари 16 - сола номаълум аст
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд ҷасади духтари 16 - сола дарёфт шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷасадро сокинони маҳаллӣ пайдо намуда ба Раёсати кумитаи мазкур хабар расонданд.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Зимнан, наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва ҷасади духтарро аз баландии 1500 метр бо як роҳи дурударози пиёдарав, ки бештар аз 5 километр буд, поин оварданд.
Гуфта мешавад, марҳум сокини 16 - солаи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Имдодгарон пас аз ба поёе овардани ҷасад, онро ба мақомоти марбута таслим карданд.
Зикр мегардад, ки феълан сабаби марги духтари ноболиғ номаълум аст ва ҳоло мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Манбаъ дар бораи ин ҳодиса ва шахсияти марҳум низ маълумоти зиёд нашр накардааст.
Лентаи хабарҳо
0