"China town" дар Хуҷанд бунёд нашуд: сокинон аз ҳукумат талаби хона карданд

© SputnikСокинон барои дарёфти хона ба назди бинои ҳукумати Хуҷанд омадаанд
Сокинон барои дарёфти хона ба назди бинои ҳукумати Хуҷанд омадаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, хонаҳо омода буда, барои ба вуҷуд наомадани нафаҳмиҳои дигар, масъулини ҳукумат ба тақдими хонаҳо аз рӯи қуръакашӣ миёни сокинон омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд, барои тақсими хонаҳои истиқоматӣ барояшон ба дари ҳукумат рафтаанд.
Ин сокинон, соли 2015 барои бунёди "Шаҳраки хитоӣ" хонаҳояшонро тахриб ва замини онро дар ихтиёри ширкати сохтмонии чинии "Ҳусноро 1" вогузор намуда буданд.
Аммо бо гузашти шаш сол, дар маҳаллаи онҳо сохтмони биноҳои истиқоматӣ бунёд нагардид ва то имрӯз ҳудуди ин 32 хонавода дар манзилҳои иҷора ба сар мебаранд.
Шаҳраки хитоӣ дар Хуҷанд: дар баҳорон ҳам “ях” аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Тарҳи нобарори "China town" дар Хуҷанд: Аҳмадзода гуфт, хитоиҳо сохта натавонистанд
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран моҳи феврали соли ҷорӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба ин гурӯҳи сокинон хонаҳо тақдим карда мешавад.
"Сохтмони хонаҳо идома дорад. То иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо омода мешавад ва ба ҳар яки онҳо хонаҳояшонро месупорем", - зикр намуда буд Шарифзода.
Аммо сокинони собиқ хиёбони Р. Набиев мегуянд, тақдими хонаҳо сурат нагирифт ва то имрӯз ҳеҷ яке аз масъулин сабаби ба таъхир мондани корро ба онҳо шарҳ надодаанд.

“Мо хонаҳоро дидем, ҳамааш тайёр аст, вале намедонем, ки барои чи то ҳол калиди онҳоро намесупоранд. Дар шароити иҷоравӣ зиндагӣ намудан, барои мо хеле душвор аст”, - гуфт Рафоат Ҳошимова яке аз сокинон.

Ин мусоҳиби мо гуфт, ки имрӯз ҳамроҳи дигарон ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд омада ва дар бораи ба ихтиёри онҳо вогузор намудани хонаҳояшон муроҷиат намудаанд.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муроҷиати гурӯҳии сокинон ба ҳукуматро тасдиқ кард ва гуфт, ки арзи онҳо дар бораи супоридани хонаҳоҳои истиқоматӣ аз ҷониби масъулин шунида шуд.

“Ба ин теъдод сокинон фаҳмонида шуд, ки хонаҳо бо шароити хуби иқомат, аз ҷумла насби лифт ва бозиҷой барои кӯдакон омода шудааст ва рӯзҳои наздик ба онҳо супорида мешавад”,- гуфт Юсуфзод.

Аммо ба ин савол, ки чаро то имрӯз ин хонаҳо тақдим карда нашудааст, Юсуфзод иброз намуд, ки барои ба вуҷуд наомадани нафаҳмиҳои дигар масъулини ҳукумат, хонаҳо аз рӯи қуръакашӣ миёни сокинон омодагӣ мебинанд
Мавзӯъи “ях” бастани шаҳраки чинӣ дар хиёбони ба номи Р. Набиеви шаҳри Хуҷанд суолест, ки дар нишасти матбуотӣ борҳо аз ҷониби рӯзноманигорон ба унвони раисони Хуҷанд манзур карда мешуд.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Сохтмони мактабе дар Тоҷикистон 12 сол аст, ки тамом намешавад: шарҳи вазорат
Ширкати чинии "Ҳусноро 1" бо тарҳи номуваффақи "China town" мехост ба ҷойи манзилҳои сокинон хонаҳои баландошёна бардорад, аммо ахиран бинобар сабаби зиёд будани об дар ин маҳал аз ин лоиҳа даст.
Бар асоси ин тарҳ бояд дар ҷойи хонаҳои вайронкардашуда 15 бинои бисёртабақа, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ месохтанд. Муҳлати анҷоми он 5 сол буд ва он тибқи шартнома мебоист соли 2020 анҷом шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар нишасти ахираш изҳор дошт, ки чиниҳо аз уҳдаи иҷрои тарҳ набаромаданд ва лоиҳаро ба ягон ширкати таҷрибадори дигар пешниҳод хоҳанд кард.
Дасткашии соҳибкорони чинӣ аз тарҳ дар ҳолест, ки дар фосилаи 200 метр дуртар аз он "Khujand city" - ро ширкати сохтмонии "Элитсохтмон" бунёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала