Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт

© Sputnik / Vitaliy AnkovСамолет Ту-154
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Аммо, Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии "Сибир" иҷозати анҷом додани парвоз ба шаҳри Қурғонтеппаро надод
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" иҷозати анҷом додани парвози мустақим аз шаҳри Иркутский Русия ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистонро дарёфт кард.
Иҷозатномаи мазкурро ба ин ширкат, Росавиатсия додааст ва феълан санаи нахустин парвоз ва дигар мушаххасот дар ин самт номаълум аст.
Бар хабари котиботи Росавиатсия, ба ширкати "Сибир" анҷом додани парвоз аз шаҳри Иркутск ба шаҳри Қурғонтеппа дода нашуд.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Субҳонзода таъхири парвоз ба Русияро шарҳ доду гуфт, зарари мусофирон ҷуброн мешавад
Зимнан, дар баробари Тоҷикистон, ин ширкат иҷозати парвоз ба се шаҳри Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд ва Намангоро низ дарёфт намуд.
Гуфта мешавад, ширкати "Сибир" метавонад дар як ҳафта 7 парвозро аз Иркутск ба шаҳри Кӯлоб анҷом диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки алъон парвозҳои мустақим аз Русия танҳо ба шаҳри Душанбе сурат мегиранд ва он ҳам дар як ҳафта ҳамагӣ ду маротиба.
Бар замми кам будани шумораи парвозҳо дар ин самт, ҳамчунин гарон будани арзиши чипта, хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба Русияро нигарон намудааст.
Агар қаблан нархи чипта аз Маскав ба Душанбе ҳудуди 150 доллар ва аз он самт ба Русия 350 доллар гуфта мешуд, ҳоло мардум аз шиква доранд, ки билетро бо нархи ниҳоят гарон харидорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала