Шералӣ Кабир аз сохтмони 103 корхона ва 139 коргоҳ хабар дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанШерали Кабир- министр промышленности РТ
Шерали Кабир- министр промышленности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Шералӣ Кабир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз сохти 103 корхона ва 139 коргоҳ дар ин кишвар то поёни имсол хабар дод.
Вазир гуфтааст, ки бахши умдаи ин марокизи тавлидӣ ба истихроҷи маъдану филизоти рангӣ ихтисос хоҳад ёфт.
"Ҳаминак дар Тоҷикистон беш аз 50 навъи маъдани филиз истихроҷ мешавад ва аз ин назар ин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойгоҳи вижае қарор дорад", - менависад аз қавли вазир ва дар истинод ба расонаҳо "Парс тудей".
Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Шералӣ Кабир: истихроҷи ангишт дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расид
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Дар Тоҷикистон аз 600 кони шиносоишуда танҳо дар 100 кон истихроҷ оғоз шудааст, аммо ҷазби сармояи хориҷӣ дар ояндаи наздик ба зарфияти тавлид хоҳад афзуд.
Шералӣ Кабир идома дод: Баҳрабардорӣ аз ду кони тиллои ҷадид дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон мавсум ба Чорӣ ва Дуоба ва ҳамчунин истихроҷи нуқра дар чаҳор кони шимоли Тоҷикистон ва вилояти кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли баррасӣ аст, ки бо иҷро шудани ин тарҳҳо ин кишвар метавонад ба яке аз қутбҳои тавлиди нуқра дар ҷаҳон табдил шавад.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар соли 2020 дар ин кишвар бо сохти беш аз 300 коргоҳ барои 6 ҳазору 500 нафар иштиғолзоӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала