Кӯдакро 45 рӯз аз модар ҷудо накунед: СУТ кадом таҷрибаи пизишки тоҷикро истифода мекунад

CC0 / pexels / Новорожденный
Новорожденный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Кӯдаки модареро, ки бемории сил дорад пас аз 2 ҳафтаи ваксин шуданаш метавон ба модар баргардонид
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Як тадқиқоти олими тоҷикро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пизируфтаасту аз он истифода мебарад.
Ин пизишк Умриниссо Сироҷиддинова, табиби силшиноси тоҷик мебошад, иттилоъ медиҳад "Ховар".
Тавре манбаъ менависад, пештар вақте модар гирифтори бемории сил мешуд, кӯдаки ӯро дар 3-рӯзагӣ, ки ваксинаи зидди бемории сил қабул мекунад, ба муҳлати аз 36 то 48 рӯз алоҳида нигоҳ медоштанд.
Олими тоҷик Умринисо Сироҷиддинова аввалин шуда, исбот кардааст, ки на 48 рӯз, балки пас аз 2 ҳафта модар метавонад ба кӯдаки худ шир диҳад. Тадқиқоти ин олими тоҷик аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) пазируфта шуда, ба дастурамали ин созмони бонуфуз ворид гардид.
Ин олими тоҷик мегӯяд, ки тадқиқоти мазкурро давоми 8 сол ҳангоми ҳимояи кори докторӣ анҷом додааст.
Олимони тоҷик узви Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд
"Тобистон 45 рӯз ба минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон экспедитсия мерафтем. Бо худ хукчаҳои обӣ мебурдем ва пас аз гузаронидани ваксина дар онҳо ҳар 5 рӯз узвҳою лимфоғадудҳояшонро ба шакли морфологӣ меомӯхтем", - таъкид кардааст пизишк.
Ба ҳамин тартиб пизишк исбот кардааст, ки кӯдакон дар ду ҳафта иммунитет ҳосил мекунанд.
Таҷриба нишон дод, ки ду ҳафта барои ҳам модар ва ҳам кӯдак басанда аст, меафзояд вай.
Ин дастоварди бузург дар соҳаи силшиносӣ мебошад. Чунки таҳлилҳо нишон доданд, ки агар тифл аз шири модар дур шавад ва ба хӯрокҳои сунъӣ гузарад, ин раванд дар оянда ба саломатии тифл эҳтимоли хатарро меафзояд, яъне ӯ метавонад ба бемориҳои гуногун гирифтор шавад.
Аз ҷониби дигар, ғизоҳои сунъӣ гарон меафтанд, аммо шири модар манбаи витаминҳо буда, кӯдакро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз менамояд.

Сироҷиддинова кист?

Умринисо Сироҷиддинова пас аз хатми мактаби миёна соли 1957 ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1963 онро бо муваффақият хатм намуд. Мавсуф фаъолияти кориашро соли 1964 дар дармонгоҳи маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе шурӯъ кардааст.
Сипас, Сироҷиддинова барои таҳсил дар ординатура даъват мегардад ва пас аз хатми муваффақонаи ординатура соли 1971 ҳамчун ассистенти кафедраи фтизиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти худро идома медиҳад. Мавсуф соли 1974 ба кори илмӣ машғул шуда, соли 1976 дар Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад.
Колбы с реагентами для экспресс-тестов на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2020
Иҷозати олими тоҷик барои санҷиши доруяш дар беморони COVID-19 дар Аврупо
Дар ниҳоят солҳои 1980 — 1988 дар мавзӯи "Омӯзиши бемориҳои сили минтақаҳои баландкӯҳ" ба кори докторӣ машғул шуда, соли 1989 дар Москва рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.
Умринисо Сироҷиддинова аз соли 1987 то соли 2014 дар вазифаи мудири кафедраи фтизиопулмонологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намуда, бинобар ба синни нафақа расидан аз соли 2014 инҷониб дар кафедраи мазкур ба сифати профессор кори худро идома медиҳад.
Аъзои президиуми Ассотсиатсияи пулмонологҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Профессори тоҷик Умринисо Сироҷиддинова давоми фаъолияти худ шогирдони зиёде ба воя расонида, зиёда аз 200 асари илмӣ навиштааст.
Ҳоло китоби ин профессор бо номи "Фтизиатрия-силшиносӣ" бо забони давлатӣ омода шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тасдиқ ва нашри он рӯзҳои наздик бо мусоидати молиявии барномаи ЮСАИД – лоиҳаи минтақавӣ оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ЭТИКА) дар назар аст.
Китоби мазкур барои донишҷӯён ва табибони силшинос пешбинӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала