Тоҷикистон пешсафи ИДМ аз рӯи рушди саноат

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди тавлиди маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳама пешсаф мебошад
ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 18,5% сабт шудааст.
Ин нукта дар гузориши "Вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳҳои январ-феврали соли 2021", ки дар сомонаи Кумитаи омори ИДМ нашр шудааст, дарҷ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар байни кишварҳои Иттиҳод мебошад. Ҷойи дуюмро аз рӯи афзоиши истеҳсолоти саноатӣ Беларус ишғол намуд, дар ин ҷо ин нишондиҳанда 8,3%-ро ташкил дод.
Тавлидоти маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон бо афзоиши як дарсадӣ дар мақоми сеюм қарор гирифтааст.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои ИДМ - Қирғизистон, Молдова ва Арманистон коҳиши истеҳсолоти саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан, Туркманистон дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 афзоиши баландтарини маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) -ро дар байни кишварҳои ИДМ нишон дод. ММД Туркманистон 5,9% афзоиш ёфт.
Тоҷикистон дар ҷои дуввум аст, ки 4,5% афзоишро нишон медиҳад. Инчунин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Ӯзбекистон ва Беларус афзоиш ёфта, боқимондаи кишварҳо таназзули иқтисодиро нишон доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала