Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз шуд

© Sputnik / Александр ПоляковСлужба в мечети, архивное фото
Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон оғоз ёфт, ки тӯли як моҳ идома хоҳад кард.
Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳад буд. Мусалмонон талош мекунанд ҳадди ақал дар ин моҳ ба намозҳои дастаҷамъона, ки савобияташ бештар хонда мешавад, зиёдтар бипайванданд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт
Чизи асосӣ ин аст, ки имсол тибқи маълумоти Шӯрои уламои Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус намозҳои дастаҷамъиро пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар манъ намекунад.
Ин маънои онро дорад, ки мусалмонони кишвар ҳамзамон метавонанд, намози дастаҷамъии таровеҳро баргузор кунанд ва инчунин ифторҳо дар доираи Қонуни танзим баргузор кунанд.
Дар баробари ин ҳама мусалмононро зарур аст, ҳангоми адои ин ҳама қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд.
Мувофиқи тақвими нашркардаи Шӯрои уламои кишвар, шаби Лайлат-ул Қадри моҳи Рамазони имсола ба шаби 9 май рост меояд. Иди Рамазон санаи 13 уми май ҷашн гирифта мешавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд ва ба қимматфурӯшон ҳушдор дод
Ёдовар мешавем, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳар сол Рамазон бо санаҳои мухталиф оғоз мешавад.
Ҳамин тариқ, мусалмонони кишвар нахустин намози таровеҳро шаби гузашта гузоштанд ва имрӯз рӯзадориро оғоз карданд.
Дар моҳи Рамазон, мусалмонон давоми рӯз аз хӯрдану нӯшидан парҳез мекунанд, ҳамзамон дар ин вақт наметавонанд сигор кашанд ва дигар лаззатҳоро бичашанд.
Дар баробари рӯзаву намоз, ҳамзамон мусалмонон дар ин моҳ аз фикрҳои бард, лафзи қабеҳ ва дигар аъмоли бад дурӣ меҷӯянд ва ба кори хайру садақа бештар даст мезананд
Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои кишвар миқдори пардохти закотро эълон карда гуфт, ки онро бояд барои мақсадҳои хайрия ба ятимону нодорон ва барои ободӣ сарф кунанд.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Имсол, ҳаҷми закот 625 сомонӣ (тақрибан 60 доллар) муқаррар шудааст ва онро бояд он мӯъминоне, ки ҳадди аққал 25 ҳазор сомонӣ (беш аз 2,2 ҳазор доллар) маблағи изофӣ доранд, бидиҳанд.
Андозаи фитрро Шӯрои уламо мувофиқи меъёри шаръӣ 6 сомонӣ муқаррар кард.
Дар мавриди шарти пардохти фидяи савм барои онҳое, ки тавони доштани рӯзарон надоранд, он барои 30 рӯз 360 сомонӣ (тақрибан 32 доллар) муқаррар карда шудааст, ки рӯзе 12 сомонӣ (1,5 доллар) мебошад.
Лентаи хабарҳо
0