Уламо гуфтанд, бозии букмекерӣ савоби рӯзаро барбод медиҳад

CC BY 2.0 / artubr / Чемпионат по киберспорту.
Чемпионат по киберспорту. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, бозиҳои букмекерӣ, ки вақтҳои охир ҷавонони зиёд ба он рӯй овардаанд, савоби рӯзаро барбод медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эраҷ, корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё дар вақти рӯза дар марказҳои букмакерӣ маблағ монда, бозӣ кардан рӯзро мешиканад.
“Бародари азиз, ин амал рӯзаро намешиканад, вале савоби онро барбод медиҳад ва барои шумо ба ҷуз гуруснагию ташнагӣ чизе намемонад”, - посух додааст Шӯро.
Қаблан низ Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз ҷавонон хоста буд, ки вақти гаронбаҳояшонро дар марокизи букмерӣ зоеъ накунанду ба омӯзиши илму ҳунар сарф намоянд ва ҳатман комёб хоҳанд шуд
Ин ниҳод дар посух ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди истифодаи фоида аз идораҳои букмекерӣ тавсия дода буд, "маблағе, ки аз ҳисоби букмерӣ ба даст меояд, ҳамаи онро ба ниёзмандон сарф кунед".
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Аз рӯза бе саҳархӯрӣ то нагирифтан дар муҳоҷират: посухи Шӯро ба суолҳои тоҷикистониён
Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар хитоб ба ҷавонон афзудааст, ки вақти гаронбаҳояшонро дар марокизи букмерӣ зоеъ накунанду ба омӯзиши илму ҳунар сарф намоянд ва ҳатман комёб хоҳанд шуд.
Бозори букмекерӣ солҳои охир дар Тоҷикистон майли гармшавӣ дошта, бисёри наврасону ҷавононро ҷалб кардааст. Қаблан хабарҳо нашр мешуданд, ки бархе аз ҷавонони тоҷик барои пешгӯии дақиқи натиҷаи бозиҳо ҳатто аз хидмати фолбинҳо истифода кардаанд, аммо муваффақ нашудаанд.
Мақомоти кишвар барои ҷилавгирӣ аз ҷалби наврасон ба чунин марказҳои букмекерию бозиҳои компютерӣ мунтазам рейдҳоро баргузор намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала