Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Вазорат гуфт, нақшаи даъват ба артиш 70% иҷро шуд

© SputnikСолдаты маршируют, архивное фото
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, 13 рӯзи даъвати наваскарон беш аз 70 дарсади нақша иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки давоми 13 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чанд дарсади нақшаро иҷро карданд.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ сад дарсади нақшаро иҷро карда, навоҳии тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои 85, 3 дарсади нақша баромадаанд.
Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 53,3 фоиз иҷро шуд.
Таджикские солдаты на построении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Оё гирифторони коронавирус аз артиш озод мешавад? посухи Вазорати дифоъ
Манбаъ афзуд, вилояти Хатлон 65 дарсад ва шаҳри Душанбе низ сад фоизи нақшаро иҷро намудааст.
Феълан дар Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ҷараён дорад.
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Киҳо аз хизмат озод шуданд ва чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд - шарҳи Шералӣ Мирзо
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.
Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала