Байден ба Путин пешниҳоди мулоқот кардааст

© ALEXEY DRUZHININПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дар музокирот президентҳои Русия ва ИМА вазъи Украинаро низ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14 апрел - Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден ва президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ доир кардаанд, хабар медиҳад Кохи Сафед.
Дар ҷараёни сӯҳбат Байден ба Путин пешниҳоди дидору мулоқот кардааст.
Бо пешниҳоди Президенти ИМА, мулоқот метавонад моҳҳои наздик дар кишвари сеюм баргузор шавад.
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
Мавзӯи асосии мулоқоти пешниҳодшуда метавонад муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаи байни Русия ва ИМА бошад.
Дар ҷараёни муколама раҳбарони Русия ва ИМА суботи стратегӣ, назорати силоҳ ва ҳамлаҳои кибериро баррасӣ карданд.
Байден инчунин аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои Русия ва Украина изҳори нигаронӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала